Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР

Чу омад ба наздикии боргоҳ, Пиёда шуду роҳ бикшод шоҳ. Чу шоҳи ҷаҳондор бинмуд рӯй, Заминро бибӯсиду шуд пеши ӯй. Манучеҳр бархост аз тахти оҷ, Зи ёқути рахшанда бар сар-ш тоҷ. Бари хеш бар тахт биншохташ, Чунон чун сазо буд, бинвохташ. Пас аз Гургсорону ҷанговарон, В-аз он наррадевони Мозандарон Бипурсид бисёру тимор х(в)ард, Сипаҳбад ҳама як ба як ёд кард, Ки «Шодон зӣ, эй шоҳ, то ҷовидон Зи ҷони ту кӯтаҳ бади бадгумон! Бирафтам бад-он шаҳри девони нар, Чӣ девон, ки шерони пархошх(в)ар. Аз аспони тозӣ таковартаранд, Зи гурдони Эрон диловартаранд. Сипоҳе, ки саксор хонандашон, Палангони ҷангӣ гумонандашон. Зи ман чун бад-эшон расид огаҳӣ, Аз овози ман мағзашон шуд тиҳӣ. Ба шаҳр - андарун наъра бардоштанд, В-аз он пас ҳама шаҳр бигзоштанд. Сипоҳи гарон, кӯҳ то кӯҳ мард, Ки пайдо набуд рӯзи равшан зи гард. Ба пешам ҳама ҷангҷӯй омаданд, Чунин хираву пӯй-пӯй омаданд. Дарафтод тарс андар ин лашкарам, Надидам, ки тимори он чун х(в)арам. Маро кор афтода буд он замон, Задам бонг бар лашкари бадгумон. Барафроштам гурзи сесадманӣ, Барангехтам бораи оҳанӣ. Ҳаме рафтаму кӯфтам нағзашон, Тиҳӣ гашт аз ҳайбатам мағзашон. Набера ҷаҳондор Салми сутург Ба пеш андаромад ба кирдори гург.