РАФТАНИ СОМ БА ҶАНГИ МЕҲРОБ
Ба Меҳробу Дастон расид ин сухун,
Ки шаҳ бо сипаҳбад чӣ афканд бун.
Баромад ҳама шаҳри Кобул ба ҷӯш,
В-аз айвони Меҳроб бар шуд хурӯш.
Чу Синдухту Меҳробу Рӯдоба низ
Ба навмед гаштанд аз ҷону чиз.
Хурӯшон зи Кобул ҳаме рафт Зол,
Фурӯ ҳишта лафчу бароварда ёл.
Ҳаме гуфт: «Агар аждаҳои дижам
Биёяд, ки гетӣ бисӯзад ба дам,
Чу Кобулситонро бихоҳад бисуд,
Нахустин сари ман бибояд дуруд.»
Шитобон ҳаме рафт пурхун ҷигар,
Пурандеша дил, пур зи гуфтор сар.
Чу огоҳӣ омад ба Соми далер,
Ки омад зи раҳ баччаи наррашер,
Ҳама лашкар аз ҷой бархостанд,
Дурафши Фаридун биёростанд.
Пазира шуданро табира заданд,
Сипоҳи сипаҳбад пазира шуданд.
Ҳама пушти пилон ба рангин дурафш
Биёроста сурху зарду бунафш.
Чу рӯи падар дид Дастони Сом,
Пиёда шуд аз аспу бигзорд гом.
Бузургон пиёда шуданд аз ду рӯй,
Чи дайҳимдору чи дайҳимҷӯй.
Заминро бибӯсид Золи далер,
Сухан гуфт бо ӯ падар низ дер.
Нишаст аз бари тозиаспи саманд
Чу заррин дурахшанда кӯҳи баланд.
Бузургон ҳама пеши ӯй омаданд,
Ба тимору бо гуфтугӯй омаданд,
Ки «Озурда гаштаст аз ту падар,
Яке пӯзиш овар, макаш ҳеч сар».
Чунин дод посух, к-«Аз ин бок нест,
Саранҷоми мардум ба ҷуз хок нест.
Падар гар ба мағз андарорад хирад,
Ҳамоно сухан бар сухан нагзарад.