ОГОҲ ШУДАНИ МЕҲРОБ АЗ КОРИ ДУХТАРАШ
Биёмад зи даргоҳ Меҳроб шод,
К-аз ӯ карда буд Зол бисёр ёд.
Гаронмоя Синдухтро хуфта дид,
Рухаш пажмурида, дил ошуфта дид.
Бипурсиду гуфташ: «Чӣ дидӣ, бигӯй,
Чаро пажмуридат ду гулбарги рӯй?»
Чунин дод посух ба Меҳроб боз,
Ки «Андеша андар дилам шуд дароз.
Аз ин ганҷи ободу ин хоста
В-аз ин тозиаспони ороста,
Аз ин кохи ободу ин бӯстон
Аз ин комгорӣ дили дӯстон
В-аз ин ридакони сипаҳбадпараст,
В-аз ин боғу ин хусравонӣ нишаст.
В-аз ин чеҳраву сарви болои мо,
В-аз ин ному ин донишу рои мо.
Бад-ин обдориву ин ростӣ
Замон то замон оядаш костӣ.
Ба ноком бояд ба душман супурд,
Ҳама ранҷи мо бод бояд шумурд.
Яке танг сандуқ аз он баҳри мост,
Дарахте, ки тарёки ӯ заҳри мост.
Бикиштему додем обаш ба ранҷ,
Баровехтем аз бараш тоҷу ганҷ.
Чу бар шуд ба хуршеду шуд соядор,
Ба хок андаромад сари моядор.
Бар ин аст анҷоми фарҷоми мо,
Надонам, куҷо бошад ороми мо».
Ба Синдухт Меҳроб гуфт: «Ин сухан
Нав овардиву нав бикардӣ куҳан.
Сарои сипанҷӣ бад-ин сон бувад,
Яке хору дигар таносон бувад,
Яке андарояд, дигар бугзарад,
Кӣ дидӣ, ки чархаш ҳаме нашкарад?
Ба тангии дил ғам нагардад дигар,
Бар ин нест пайкор бо додгар».
Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Ин достон
Ба рӯи дигар барниҳад ростон.