ОГОҲӢ ЁФТАНИ СИНДУХТ АЗ КОРИ РӮДОБА
Миёни сипаҳдору он сарвбун
Зане буд гӯянда, ширинсухун.
Паём оваридӣ сӯи паҳлавон,
Ҳам аз паҳлавон сӯи сарви равон.
Сипаҳдор Дастон мар ӯро бихонд,
Сухан ҳарчӣ бишнид, бо ӯ биронд.
Бад-ӯ гуфт: «Наздики Рӯдоба шав,
Бигӯяш, ки, эй некдил, моҳи нав,
Сухан чун ба тангиву сахтӣ расид,
Фарохишро зуд бинӣ калид».
Фиристода боз омад аз пеши Сом
Або шодмониву фаррухпаём.
Басе гуфту бишниду зад достон,
Саранҷом ӯ гашт ҳамдостон.
Сабук посухи нома занро супурд,
Зан аз пеши ӯ рафту нома бибурд.
Ба наздики Рӯдоба омад чу бод,
Бад ин шодмонӣ варо мужда дод.
Парирӯй бар зан дирам барфишонд,
Ба курсии зарпайкараш барнишонд.
Пас он гаҳ бидод ӯ бад-он чорагар
Яке даст ҷома бар он муждабар.
Яке шора сарбанд пеш оварид,
Ҳама тору пуд андар он нопадид.
Ҳама пайкараш сурхёқуту зар,
Ҳама зар шуда нопадид аз гуҳар.
Яке ҷуфт пурмоя ангуштарӣ,
Фурӯзанда чун бар фалак Муштарӣ
Фиристод наздики Дастони Сом,
Басе дод бо ӯ дуруду паём.
Зан аз ҳуҷра рафту ба айвон расид,
Нигаҳ кард Синдухт, ӯро бидид.
Ба овоз гуфт: «Аз куҷоӣ?-Бигӯй,
Сухан ҳарчӣ пурсам, ту кажжӣ маҷӯй.
Замон то замон пеши ман бигзарӣ,
Ба ҳуҷра дароӣ, ба ман нангарӣ.
Дили равшанам шуд ба ту бадгумон,
Нагӯӣ ба ман, то зеҳӣ ё камон».