РОЙ ЗАДАНИ СОМ БО МӮБАДОН ДАР КОРИ ЗОЛ
Чу бархост аз хоб, бо мӯбадон
Яке анҷуман кард бо бихрадон.
Кушод он сухан бар ситорашумар,
Ки фарҷоми ин бар чӣ ояд ба сар?
Ду гавҳар чу обу чу оташ ба ҳам
Баромехтан бошад аз бун ситам.
Ҳамоно ки бошад ба рӯзи шумор
Фаридуну Заҳҳокро корзор.
Зи ахтар биҷӯеду фармон диҳед,
Сари хома бар нақши фаррух ниҳед.
Ситорашиносон ба рӯзи дароз
Ҳаме з-осмон бозҷустанд роз.
Бидиданду бо ханда пеш омаданд,
Ки ду душман аз бахт пеш омаданд.
Ба Соми Наримон ситорашумар
Чунин гуфт, к-«Эй гурди зарринкамар,
Туро мужда аз духти Меҳробу Зол,
Ки бошанд ҳар ду ду фаррухҳамол.
Аз ин ду ҳунарманд пиле жиён
Биёяд, бибандад ба мардӣ миён.
Ҷаҳоне зи пой андарорад ба теғ,
Ниҳад тахти шоҳ аз бари пушти меғ.
Бибуррад паи бадсиголон зи хок,
Ба рӯи замин - бар намонад мағок.
На Сагсор монад, на Мозандарон,
Заминро бишӯяд ба гурзи гарон.
Аз ӯ бештар бад ба Турон расад,
Ҳама некуӣ з-ӯ ба Эрон расад.
Ба хоб андарорад сари дардманд,
Бубандад дари ҷангу роҳи газанд.
Бад-ӯ бошад эрониёнро умед,
Аз ӯ паҳлавонро хирому навид.
Паи борае к-ӯ чамонад ба ҷанг
Бимолад бар ӯ рӯй ҷангипаланг.
Хунук подшоҳӣ ба ҳангоми ӯй,
Замона ба шоҳӣ барад номи ӯй.
Чу Руму чи Ҳинду чи Эронзамин,
Нависад ҳама номи ӯ бар нигин».