Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

НОМА НАВИШТАНИ ЗОЛ НАЗДИКИ СОМ ВА АҲВОЛ НАМУДАН

Сипаҳбад нависандаро пеш хонд, Дил оганда будаш, ҳама барфишонд. Яке нома фармуд наздики Сом, Саросар навиду дуруду паём, Ба хат аз нахуст офарин густарид Бад-он додгар, к-ӯ замин офарид. Аз ӯяст шодӣ, аз ӯяст зӯр, Худованди Ноҳиду Баҳрому Ҳур. Худованди ҳасту худованди нест, Ҳама бандагонему Эзад якест. Аз ӯ бод бар Соми Найрам дуруд, Худованди кӯполу шамшеру хӯд. Чамонандаи диза ҳангоми гард, Чаронандаи каргас андар набард. Физояндаи боди овардгоҳ, Фишонандаи хун зи абри сиёҳ. Гирояндаи тоҷу зарринкамар, Нишонандаи шоҳ бар тахти зар. Ба мардӣ ҳунар дар ҳунар сохта, Сараш аз ҳунарҳо барафрохта. Чу Соми Наримон гаҳи корзор Ба мардӣ на ҳасту набошад савор. Ман ӯро ба сони яке бандаам, Ба меҳраш равону дил огандаам. Зи модар бизодам бад-он сон, ки дид, Зи гардун ба ман-бар ситамҳо расид. Падар буд дар нозу хаззу паранд, Маро бурда Симурғ дар кӯҳи Ҳанд. Ниёзам бад-он, к-ӯ шикор оварад, Або баччаам дар шумор оварад. Ҳаме пӯст аз бод бар ман бисӯхт, Замон то замон хок чашмам бидӯхт. Ҳаме хондандӣ маро пури Сом, Бар авранг буд Сому ман бар куном. Чу Яздон чунин ронд андар бавиш, Бар ин гуна пеш оваридам равиш. Кас аз ҳукми Яздон наёрад гуреғ, Агарчи бипаррад, барояд ба меғ.