РОЙ ЗАДАНИ ЗОЛ БО МӮБАДОН ДАР КОРИ РӮДОБА
Чу хуршеди тобон баромад зи кӯҳ,
Бирафтанд гурдон ҳама ҳамгурӯҳ.
Бидиданд мар паҳлавонро ба гоҳ,
В-аз он ҷойгаҳ баргирифтанд роҳ.
Сипаҳбад фиристод хонандаро,
Ки хонад бузургони донандаро.
Чу дастури фарзона бо мӯбадон,
Сарафроз гурдону фаррух радон.
Ба шодӣ бари паҳлавон омаданд,
Хирадманду равшанравон омаданд.
Забон тез бикшод Дастони Сом,
Лабе пур зи ханда, диле пур зи ком.
Нахуст офарин бар ҷаҳондор кард,
Дили мӯбад аз хоб бедор кард.
Чунин гуфт, к:-«Аз довари покдод
Дили мо пур аз тарсу уммед бод.
Худованди гарданда хуршеду моҳ
Равонро ба некӣ намояндароҳ.
Ситудан мар ӯро чунон чун тавон,
Шабу рӯз будан ба пешаш навон.
Бад-ӯяст кайҳони хуррам ба пой,
Ҳам ӯ додгустар ба ҳарду сарой.
Баҳор ораду тирамоҳу хазон,
Барорад пур аз мева дори разон.
Ҷавон дорадаш гоҳ бо рангу бӯй,
Гаҳаш пир дорад дижам карда рӯй.
Зи фармону рояш касе нагзарад,
Паи мӯр бе ӯ замин наспарад.
Ҷаҳонро физоиш зи ҷуфт офарид,
Ки аз як фузунӣ наёяд падид.
Яке нест ҷуз довари кирдгор,
Ки ӯро на анбозу на ҷуфту ёр.
Ҳар он-ч офаридаст, ҷуфт офарид,
Кушода зи рози нуҳуфт офарид.
Зи чархи баланд андар ор ин сухун,
Саросар ҳамин аст гетӣ зи бун.
Замона ба мардум шуд ороста,
В-аз ӯ арҷ гирад ҳама хоста.