Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ ЗОЛ БА НАЗДИ РӮДОБА

Чу хуршеди тобанда шуд нопадид, Дари ҳуҷра бастанду гум шуд калид. Парастанда шуд сӯи Дастони Сом, Чу шуд сохта кор, бигзор гом. Сипаҳбад сӯи кох бинҳод рӯй, Чунон чун бувад мардуми ҷуфтҷӯй, Баромад сияҳчашми гулрух ба бом, Чу сарви саҳӣ бар сараш моҳи том. Чу аз дур Дастони Соми савор Падид омад ин духтари номдор Ду беҷода бикшоду овоз дод, Ки «Шод омадӣ, эй ҷавонмардзод. Дуруди ҷаҳонофарин бар ту бод, Хами чархи гардон замин бар ту бод! Парастанда хуррамдилу шод бод, Чунонӣ саропой, к-ӯ кард ёд. Пиёда бад-ин сон зи пардасарой Биранҷидат он хусравонӣ ду пой». Сипаҳбад чу аз бора ово шунид, Нигаҳ карду хуршедрухро бидид. Шуда бом аз ӯ гавҳари тобнок, Зи тоби рухаш сурхёқут хок. Чунин дод посух, ки «Эй моҳчеҳр, Дурудат зи ман, офарин аз сипеҳр. Чи моя шабон дида андар симок, Хурӯшон будам пеши Яздони пок. Ҳаме хостам то Худои ҷаҳон Намояд ба ман рӯят андар ниҳон. Кунун шод гаштам ба овози ту, Бад-ин чарбгуфтори бо нози ту. Яке чораи роҳи дидор ҷӯй, Чӣ бошӣ ту бар бораву ман ба кӯй?» Паричеҳр гуфту сипаҳбад шунид, Зи сар шаъри шабгун ҳаме баркушуд. Каманде кушод ӯ зи сарви баланд, Кас аз мушк з-он сон напечад каманд. Хам андар хаму мор бар мор - бар, Бар он ғабғабаш тор бар тор - бар.