БОЗГАШТАНИ КАНИЗАКОН БА НАЗДИ РӮДОБА
Бирафтанд хубону баргашт Зол
Шабе дерёзон ба болои сол.
Расиданд хубон ба даргоҳи кох,
Ба даст - андарун ҳар як аз гул ду шох.
Нигаҳ кард дарбон, баророст ҷанг,
Забон кард густоху дил кард танг,
Ки «Бегаҳ зи даргоҳ берун шавед,
Шигифт оядам, то шумо чун шавед.»
Бутон посухашро биёростанд,
Ба дилтангӣ аз ҷой бархостанд,
Ки «Имрӯз рӯзи дигаргуна нест,
Ба боғи гулон деви вожуна нест.
Баҳор омад, аз гулситон гул чинем,
Зи рӯи замин шохи сунбул чинем.»
Нигаҳбони дар гуфт, к-«Имрӯз кор
Набояд гирифтан бад-он ҳам шумор,
Ки Золи сипаҳбад ба Кобул набуд,
Замин пур зи хиргоҳу лашкар намуд.
Набинед, к-аз кох Кобулхудой
Ба зин андарорад ба шабгир пой.
Ҳама рӯзаш омад - шудан пеши ӯст,
Ки ҳастанд бо якдигар сахт дӯст.
Агартон бубинад чунин гул ба даст,
Кунад бар замин-тон ҳамон гоҳ паст».
Шуданд андар айвон бутони тироз,
Нишастанду бо моҳ гуфтанд роз,
Ки ҳаргиз надидем з-ин гуна шед,
Рухи ҳамчу гул, рӯю мӯяш сапед.
Барафрӯхт Рӯдобаро дил зи меҳр
Ба уммеди он, то бубинад-ш чеҳр.
Ниҳоданд динору гавҳар-ш пеш,
Бипурсид Рӯдоба аз камму беш,
Ки «Чун будатон кор бо пури Сом,
Ба дидан беҳ аст, ар ба овозу ном?»
Паричеҳра ҳар панҷ биштофтанд,
Чу бо моҳ ҷои сухан ёфтанд,
Ки «Зол он савори ҷаҳон сар ба сар
Набошад чун ӯ кас ба оину фар,