РАФТАНИ КАНИЗАКОНИ РӮДОБА БА ДИДАНИ ЗОЛИ ЗАР
Парастанда бархост аз пеши ӯй,
Бар он чора бечора бинҳод рӯй.
Ба дебои румӣ биёростанд,
Сари зулф бар гул биперостанд.
Бирафтанд ҳар панҷ то рӯдбор,
Зи ҳар бӯю ранге чу хуррамбаҳор.
Маҳи фарвадину сари сол буд,
Лаби рӯд лашкаргаҳи Зол буд.
Аз он сӯи рӯдон канизон буданд,
Зи Дастон ҳаме достонҳо заданд.
Ҳаме гул чиданд аз лаби рӯдбор,
Рухон чун гулистону гул дар канор.
Бигаштанд ҳар сӯ, ҳаме гул чиданд,
Саропардаро чун баробар шуданд.
Нигаҳ кард Дастон зи тахти баланд,
Бипурсид, к-«Ин гулпарастон киянд?»
Чунин гуфт гӯянда бо паҳлавон,
Ки «Аз кохи Меҳроби равшанравон.
Парастандагонро сӯи гулситон
Фиристад ҳаме моҳи Кобулситон».
Чу бишнид Дастон, дилаш бардамид,
Зи бас меҳр бар ҷони худ н-орамид.
Хиромид бо бандаи пуршитоб,
Ҷаҳонҷӯй Дастон аз ин сӯи об.
Чу з-он сӯ парастандагон дид Зол,
Камон хост аз турку бифрохт ёл.
Пиёда ҳаме шуд зи баҳри шикор,
Хашишор дид андар он рӯдбор.
Камон турки гулрух ба зеҳ барниҳод,
Ба дасти чапи паҳлавон дарниҳод.
Бизад бонг, то мурғ бархост з-об,
Ҳаме тир андохт андар шитоб.
Зи парвозаш овард он гаҳ фуруд,
Чакон хунваше шуд аз ӯ оби рӯд.
Ба турк он гаҳе гуфт: «З-он сӯ гузар,
Биёвар ту он мурғи афкандапар».
Ба киштӣ гузар кард турки сутург,
Хиромид назди парастанда турк.