Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РОЙ ЗАДАНИ РӮДОБА БО КАНИЗАКОН

Чунон буд, ки Меҳроб рӯзе пагоҳ Хиромон биёмад аз он боргоҳ. Гузар кард сӯи шабистони хеш, Ду хуршед дид андар айвони хеш. Яке ҳамчу Рӯдобаи хубчеҳр, Яке ҳамчу Синдухти борою меҳр. Биёроста ҳамчу боғи баҳор, Саропой пуррангу бӯю нигор. Шигифтӣ ба Рӯдоба - андар бимонд, Ҳаме офаринро бар ӯ - бар бихонд. Яке сарв дид аз бараш гирдмоҳ, Ниҳода зи анбар ба сар-бар кулоҳ. Ба дебову гавҳар биёроста, Ба сони биҳиште пур аз хоста. Бипурсид Синдухт Меҳробро, Зи хушшоб бикшод уннобро, Ки «Чун рафтӣ имрӯзу чун омадӣ, Ки кӯтоҳ бод аз ту дасти бадӣ? Чӣ мардест он пирсар пури Сом, Ҳаме тахт ёд оядаш ё куном? Хуи мардумӣ ҳеч дорад ҳаме? Паи номдорон сипорад ҳаме?» Чунин дод Меҳроб посух бад-ӯй, Ки «Эй сарви симинбари моҳрӯй, Ба гетӣ - дар аз паҳлавонони гурд Паи Золи Зар кас наёрад супурд. Чу дасту инонаш ба айвон нигор Набиниву бар зин чун ӯ як савор. Дили шери нар дораду зӯри пил, Ду дасташ ба кирдори дарёи Нил. Чу бар гоҳ бошад, зарафшон бувад. Чу дар ҷанг бошад, сарафшон бувад. Рухаш сурх монандаи арғавон, Ҷавонсолу бедору бахташ ҷавон. Ба кин - андарун чун наҳанги балост, Ба зин - андарун тезчанг аждаҳост. Нишонандаи хок дар кин ба хун, Фишонандаи ханҷари обгун.