Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ ЗОЛ БА НАЗДИ МЕҲРОБИ КОБУЛӢ

Чунон буд, ки рӯзе чунон кард рой, Ки дар подшоҳӣ биҷунбад зи ҷой. Бурун рафт бо вижа гурдони хеш, Ки бо вай яке будашон рою кеш. Сӯи кишвари ҳиндувон кард рой, Сӯи Кобулу Дамбару Марғу Мой. Ба ҳар ҷой гоҳе биёростӣ, Маю руду ромишгарон хостӣ. Кушода дари ганҷу афканда ранҷ Бар оину расми сарои сипанҷ. Зи Зобул ба Кобул расид он замон, Гурозону хандондилу шодмон. Яке подшо буд, Меҳроб ном, Забардасту боганҷу густардаком. Ба боло ба кирдори озодасарв, Ба рух чун баҳору ба рафтан тазарв. Дили бихрадон дошту мағзи радон, Ду китфи ялону ҳуши мӯбадон. Зи Заҳҳоки тозӣ гуҳар доштӣ, Зи Кобул ҳама буму бар доштӣ. Ҳаме дод ҳар сол бо Сом сов, Ки бо вай ба размаш набуд эч тов. Чу огаҳ шуд аз кори Дастони Сом, Зи Кобул биёмад ба ҳангоми бом. Або ганҷу аспони ороста, Ғуломону ҳар гунае хоста. Зи динору ёқуту мушку абир, Зи дебои зарбафту хаззу ҳарир. Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор, Яке тавқи заррин забарҷаднигор. Сарон ҳар кӣ буданд, кобулсипоҳ Биёвард бо хештан сӯи роҳ. Чу омад ба Дастони Сом огаҳӣ, Ки зебо меҳе ояд андар меҳӣ, Пазира шудаш Золу бинвохташ, Зи оин яке пойгаҳ сохташ. Сӯи тахти пирӯза бозомаданд, Кушодадилу базмсоз омаданд.