ДИЛХУШӢ ДОДАНИ СОМ СИНДУХТРО
Чу пардохт ганҷ, андаромад ба асп
Чу гурде ба кирдори Озаргушасп,
Яке тарги румӣ ба сар барниҳод,
Яке бора зер - андараш ҳамчу бод,
Биёмад гурозон ба даргоҳи Сом,
На овоз доду на баргуфт ном.
Ба корогаҳон гуфт, к-«Аз ногаҳон
Бигӯед бо паҳлавони ҷаҳон,
Ки омад фиристодаи кобулӣ
Ба назди сипаҳбад, яли зобулӣ.
Зи Меҳроби гурд оварида паём,
Ба назди сипаҳбад, ҷаҳонгир Сом».
Биёмад бари Соми ял пардадор,
Бигуфту бифармуд, то дод бор.
Фуруд омад аз асп Синдухту рафт,
Ба пеши сипаҳбад хиромид тафт.
Заминро бибӯсиду кард офарин
Абар шоҳу бар паҳлавони замин.
Нисору парастандаву аспу пил,
Рада баркашида зи дар то ду мил.
Якояк ҳама пеши Сом оварид,
Сари паҳлавон хира шуд, к-он бидид.
Пурандеша биншаст бар сони маст,
Ба каш карда дасту сар афканда паст.
Зи ҷое куҷо моя чандин бувад,
Фиристодани зан чӣ оин бувад?
Гар ин хоста з-ӯ пазирам ҳама,
Зи ман гардад озурда шоҳи рама.
В-агар боз гардонам аз пеш, Зол
Барорад ба кирдори Симурғ бол.
Шавад ранҷа, озурда гардад зи ман,
Чӣ посух бигӯям-ш дар анҷуман?
Баровард сар, гуфт, к-«Ин хоста,
Ғуломону пилони ороста,
Шаведу ба ганҷури Дастон диҳед,
Ба номи маҳи Кобулистон ниҳед».
Паричеҳра Синдухт дар пеши Сом
Забон кард гӯёву дил шодком.