ҲАШМ ГИРИФТАНИ МЕҲРОБ БАР СИНДУХТ
Ба Кобул чу ин достон фош гашт,
Сари марзбон пур зи пархош гашт.
Барошуфту Синдухтро пеш хонд,
Ҳама хашми Рӯдоба бар вай биронд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Акнун ҷуз ин рой нест,
Ки бо шоҳи гетӣ маро пой нест,
Ки орам-т бо духти нопоктан,
Кушам зоратон бар сари анҷуман.
Магар шоҳи Эрон аз он хашму кин
Биёсояду ром гардад замин.
Зи Кобул кӣ бо Сом ёрад ҷаҳид,
Кӣ хоҳад ҳаме захми гурзаш чашид?».
Чу Синдухт бишнид, пешаш нишаст,
Дили чораҷӯй андар андеша баст.
Яке чора овард аз дил ба ҷой,
Ки буд жарфбин ӯ ба тадбиру рой.
В-аз он пас давон даст карда ба каш,
Биёмад бари шоҳи хуршедфаш.
Бад-ӯ гуфт: «Бишнав зи ман як сухун,
Чу дигар яке комат ояд, бикун.
Туро хоста гар зи баҳри тан аст,
Бибахшу бидон, к-ин шаб обистан аст.
Агарчанд бошад шаби дерёз,
Бад-ӯ тирагӣ ҳам намонад дароз.
Шавад рӯз, чун чашма рахшон шавад,
Ҷаҳон чун нигини Бадахшон шавад.»
Бад-ӯ гуфт Меҳроб к-«Аз бостон
Мазан дар миёни ялон достон.
Бигӯй он чӣ донию ҷонро бикӯш,
Ва ё ҷомаи хун ба тан-бар бипӯш».
Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй сарфароз,
Бувад, к-ат наёяд ба хунам ниёз.
Маро рафт бояд ҳаме пеши Сом,
Кашидан мар ин теғро аз ниём.
Бигӯям бад-ӯ, он чӣ гуфтан сазад,
Хирад хомгуфторҳоро пазад.
Зи ман ранҷи ҷону зи ту хоста,
Супурдан ба ман ганҷи ороста».