Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

КУШТАНИ РУСТАМ ПИЛИ САПЕДРО

Чунон буд, ки як рӯз бо дӯстон Ҳаме бода хӯрданд дар бӯстон. Хурӯшанда гашта дили зеру бам, Шуда шодмон номдорон ба ҳам. Маи лаългунро ба ҷоми булӯр Бихӯрданд, то дар сар афтод шӯр. Чунин гуфт фарзандро Золи Зар, Ки «Эй номвар, пури хуршедфар, Далерон-тро хилъату ёра соз, Касоне ки бошанд гарданфароз.» Бубахшид Рустам зару хоста, Басе тозиаспони ороста. В-аз он пас пароканда гашт анҷуман, Басе хоста ёфта тан ба тан. Сипаҳбад ба сӯи шабистони хеш Биёмад бар он сон, ки буд расму кеш, Таҳамтан ҳам эдун сараш пуршароб Биёмад гурозон сӯи ҷои хоб. Бихуфту ба хоб андаромад сараш, Баромад хурӯшидане аз дараш, Ки пили сапеди сипаҳбад зи банд Раҳо гашту омад ба мардум газанд. Чу з-он гуна гуфтораш омад ба гӯш, Далериву тундӣ дар ӯ кард ҷӯш. Давон гашту гурзи ниё баргирифт, Бурун омаданро раҳ андаргирифт. Касоне, ки буданд бар даргаҳаш, Ҳаме баста карданд бар вай раҳаш, Ки аз бими испаҳбади номвар Чӣ гуна кушоем пеши ту дар? Шаби тираву пили ҷаста зи банд, Ту берун шавӣ, кай бувад ин писанд? Таҳамтан шуд ошуфта аз гуфтанаш, Яке мушт зад бар сару гарданаш. Бар он сон, ки шуд сар-ш монанди гӯй, Сӯи дигарон андаровард рӯй. Рамиданд аз он паҳлави номвар, Диловар биёмад ба наздики дар.