ОМАДАНИ СОМ БА ДИДАНИ РУСТАМ
Чу огоҳӣ омад ба Соми далер,
Ки шуд пури Дастон ба кирдори шер,
Кас андар ҷаҳон кӯдаки норасид
Бад-ин шермардиву гурдӣ надид,
Биҷунбид мар Сомро дил зи ҷой,
Ба дидори он кӯдак омад-ш рой.
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд.
Чу меҳраш сӯи пури Дастон кашид,
Сипаҳро сӯи Зобулистон кашид.
Чу Дастон шуд огоҳ, барбаст кӯс,
Зи лашкар замин гашт чун обнӯс.
Худу гурд Меҳроби кобулхудой
Пазира шуданро ниҳоданд рой.
Бизад мӯҳра бар ҷому бархост ғав,
Баромад зи ҳар ҷо деҳу дору рав.
Яке лашкаре кӯҳ то кӯҳ мард,
Сипар дар сипар бофта сурху зард.
Хурӯшидани тозиаспону пил,
Ҳаме рафт овоз бар панҷ мил.
Яке жандапиле биёростанд,
Бар ӯ тахти заррин биперостанд.
Нишаст аз бари тахти зар пури Зол
Або қомати сарву бо китфу ёл.
Ба сар бар-ш тоҷу камар бар миён,
Сипар пешу дар даст тиру камон.
Чу аз дур Соми ял ӯро бидид,
Сипаҳро дурӯя рада баркашид.
Фуруд омад аз асп Меҳробу Зол,
Бузургон, ки буданд бисёрсол,
Якояк ниҳоданд сар бар замин,
Абар Соми ял хонданд офарин.
Чу гул чеҳраи Соми ял баршукуфт,
Чу фарзандро дид бо ёлу суфт.
Чу бар пил - бар баччаи шер дид,
Бихандиду шодон дилаш бардамид.
Чунонаш або пил пеш оварид,
Нигаҳ карду бо тоҷу тахташ бидид.