Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ РУСТАМ БА КӮҲИ СИПАНД

Чу бишнид Рустам, баророст кор, Бар он сон, ки буд дархури корзор. Ба бори намак-дар ниҳон кард гурз, Барафрохта паҳлавон ёлу бурз. Зи хешон тане чанд бо худ бибурд Касоне, ки буданд ҳушёру гурд. Ба бори шутур-дар силеҳи гавон Ниҳон кард он номвар паҳлавон. Лаб аз чораи хеш дар ханд-ханд, Чунин тозиён то ба кӯҳи Сипанд Расиду зи кӯҳ дидбонаш бидид, Ба наздики солори меҳтар давид. Чунин гуфт, к-«Омад яке корвон, Ба пеш - андарунанд бас сорвон. Гумонам, ки бошад намак борашон, Агар пурсадам меҳтар аз корашон.» Фиристод меҳтар якеро дамон Ба наздикии меҳтари корвон. Бад-ӯ гуфт: «Бингар, ки то чист бор, Биёву маро огаҳӣ деҳ зи кор». Фуруд омад аз диж фиристода мард, Бари Рустам омад ба кирдори гард. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари корвон, Маро огаҳӣ деҳ зи бори ниҳон. Бад-он то ба наздики меҳтар шавем, Бигӯему гуфтори ӯ бишнавем.» Ба посух чунин гуфт Рустам бад-ӯй, Ки «Рав назди он меҳтари номҷӯй, Ҳамин гӯяш аз гуфтаҳо як ба як, Ки дар борамон аст яксар намак.» Фиристода баргашту омад фароз Ба наздики он меҳтари сарфароз. «Яке корвон аст,-гуфто,-тамом, Намак бор доранд, эй некном.» Чу бишнид меҳтар, баромад зи ҷой, Лабаш гашт хандону шодифизой. Бифармуд, то дар кушоданд боз, Бад-он то шавад корвон бар фароз.