Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФИРӮЗИНОМА НАВИШТАНИ РУСТАМ БА ЗОЛ

Яке нома бинвишт назди падар Зи кору зи кирдори худ сар ба сар. Нахуст офарин бар худованди ҳур, Худованди мору худованди мӯр. Худованди Ноҳиду Баҳрому Меҳр, Худованди ин баркашида сипеҳр. В-аз ӯ офарин бар сипаҳдор Зол, Яли зобулӣ паҳлави беҳамол. Паноҳи гавон, пушти эрониён, Фарозандаи ахтари ковиён. Нишонандаи шоҳу ситонанда гоҳ, Равон гашта фармон-ш чун ҳуру моҳ. Ба фармон расидам ба кӯҳи Сипанд, Чӣ кӯҳе, ба сони сипеҳри баланд. Ба поёни он кӯҳ фуруд омадам, Ҳамон гаҳ зи меҳтар дуруд омадам. Ба фармони меҳтар бароростам, Баромад бар он сон, ки ман хостам, Шаби тира бо номдорони ҷанг Ба диж - дар якеро надодам диранг. Чи кушта, чи хаста, чи бигрехта, Зи тан сози кина фурӯ рехта. Ҳамоно, ки харвор понсад ҳазор Бувад нуқраи хому зарри аёр. Зи пӯшиданиву зи густарданӣ, Зи ҳар чиз, к-он бошад оварданӣ. Ҳамоно шумораш надонад касе, Зи моҳу зи рӯз ар шуморад басе. Кунун то чӣ фармон диҳад паҳлавон, Ки фархундапай боду равшанравон.» Фиристода омад чу боди дамон, Расонид нома бари паҳлавон. Сипаҳбад чу нома фурӯ хонд, гуфт, Ки «Бо номвар офарин бод ҷуфт!» Зи мужда чунон шод шуд паҳлавон, Ту гуфтӣ, ки хоҳад шуд аз сар ҷавон. Яке посухи нома афканд бун, Бад-ӯ-дар зи ҳар дар фаровон сухун.