НОМАИ ЗОЛ БА СОМ
Ба мужда ба наздики Соми савор
Фиристод нома яли номдор.
Ба нома - дарун сар ба сар неку бад
Намудаш бар он паҳлави пурхирад.
Фиристод бо нома ҳадя басе,
Ба назди сипаҳдор кардаш гусӣ.
Чу нома бари Соми Найрам расид,
Зи шодӣ рухаш ҳамчу гул бишкуфид.
Биёрост базме чу хуррам баҳор
Зи бас шодмонӣ гави номдор.
Фиристодаро хилъату ёра дод,
Зи Рустам басе достон кард ёд.
Набишт он гаҳе посухи нома боз
Ба наздики фарзанди гарданфароз.
Ба нома - дарун гуфт, к-«Аз наррашер
Набошад шигифтӣ, ки бошад далер.
Ҳамон баччаи шери нохӯрдашир
Ситонад ҳаме мӯбаде тезвир.
Мар ӯро дарорад миёни гурӯҳ,
Чу дандон барорад, шавад з-ӯ сутӯҳ.
Абе он ки дидаст пистони мом,
Ба хӯи падар бозгардад тамом.
Аҷаб нест аз Рустами номвар,
Ки дорад далерӣ чу Дастон-падар,
Ба ҳангоми гурдиву кундоварӣ
Ҳаме шер хоҳад аз ӯ ёварӣ».
Чу нома ба мӯҳр андаровард гурд,
Фиристодаро хонду ӯро супурд.
Фиристода омад бари Золи Зар
Або хилъату номаи номвар.
Аз ӯ шодмон шуд дили паҳлавон,
Зи кирдори он наврасида ҷавон.
Ҷаҳон з-ӯ пуруммед шуд яксара
Зи рӯи замин то ба бурҷи бара.
Кунун аз Манучеҳр гӯям сухан,
В-аз он шоҳи пурмеҳр ҷӯям сухан.
Чӣ андарз кардаш писарро, нигар,
Ба ҳангоми рафтан шаҳи додгар.