Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

АНДАРЗ КАРДАНИ МАНУЧЕҲР ПИСАРАШРО

Чу соли Манучеҳр шуд бар ду шаст, Зи гетӣ ҳаме бори рафтан бибаст. Ситорашиносон бари ӯ шуданд, Ҳаме з-осмон достонҳо заданд. Надиданд рӯзаш кашидан дароз, Зи гетӣ ҳаме гашт боист боз. Бидоданд з-он рӯзи талх огаҳӣ, Ки «Тира шавад фарри шоҳаншаҳӣ. Гаҳи рафтан омад ба дигар сарой, Магар пеши Яздон беҳ ояд-т ҷой. Нигар, то чӣ бояд кунун сохтан, Набояд, ки марг оварад тохтан. Ту носохта, сози рафтан кунӣ, Танат зери гил дар нуҳуфтан кунӣ. Сухан чун зи донанда бишнид шоҳ, Ба расми дигаргун биёрост гоҳ. Ҳама мӯбадону радонро бихонд, Ҳама рози дил пеши эшон биронд. Бифармуд, то Нӯзар омад ба пеш, Варо пандҳо дод з-андеша беш, Ки «Ин тахти шоҳӣ фусӯс асту бод, Бад-ӯ ҷовидон дил набояд ниҳод. Маро бар саду бист шуд солиён, Ба ранҷу ба сахтӣ бубастам миён. Басе шодиву коми дил рондам, Ба разм - андарун душманон хондам. Ба фарри Фаридун бибастам миён, Ба пандаш маро суд шуд ҳар зиён. Биҷустам зи Туру зи Салми сутург Ҳамон кини Эраҷ ниёи бузург. Ҷаҳон вижа кардам зи патёраҳо Басе шаҳр кардам, басе бораҳо. Чунонам, ки гӯӣ, надидам ҷаҳон, Шумори гузашта шуд андар ниҳон. Дарахте, ки талх оварад бору барг, Наярзад ҳаме зиндагониш марг. В-аз он пас, ки бурдам басе дарду ранҷ, Супурдам туро тахти шоҳиву ганҷ.