НӮЗАР Подшоҳии ӯ ҳафт сол буд БАР ТАХТ НИШАСТАНИ НӮЗАР
Чу сӯги падар шоҳ Нӯзар бидошт,
Зи кайҳон кулоҳи каӣ барфарошт.
Ба тахти Манучеҳр-бар бор дод,
Сипаҳро дирам доду динор дод.
Бузургони Эрон бари тахти ӯй
Ниҳоданд як-як абар хок рӯй,
Ки «Мо, шаҳрёро, ҳама бандаем,
Дилу дида аз меҳрат огандаем.»
Бар ин-бар наёмад басе рӯзгор,
Ки бедодгар шуд дили шаҳрёр.
Ба гетӣ баромад зи ҳар ҷой ғав,
Ҷаҳонро куҳан шуд сар аз шоҳи нав,
Ки ӯ расмҳои падар дарнавашт,
Або мӯбадону радон тунд гашт.
Раҳи мардумӣ назди ӯ хор шуд,
Дилаш бандаи ганҷу динор шуд.
Кадевар якояк сипоҳӣ шуданд,
Далерон пуровози шоҳӣ шуданд.
Чу аз рӯи кишвар баромад хурӯш,
Ҷаҳоне саросар баромад ба ҷӯш.
Битарсид бедодгар шаҳрёр,
Фиристод нома ба Соми савор.
Ба Сагсори Мозандарон буд Сом,
Нахуст аз ҷаҳонофарин бурд ном.
Худованди Ноҳиду Баҳрому Ҳур,
Ки ҳаст офаринандаи пилу мур.
На душворӣ аз чиз, бартар маниш,
На осонӣ аз андак андар бавиш.
Ҳама бо тавоноии ӯ якест,
Бузург аст бисёру ё андакест.
Кунун аз худованди Хуршеду Моҳ
Дуруде ба ҷони Манучеҳршоҳ,
К-аз ӯ гашт рахшанда фаррухкулоҳ,
Ҳам аз вай ба ман инчунин пешгоҳ.
Абар Соми ял бод чандон дуруд,
Ки орад ҳаме абр борон фуруд.
Мар он паҳлавони ҷаҳондидаро,
Сарафроз гурди писандидаро