Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОГОҲ ШУДАНИ ПАШАНГ АЗ МАРГИ МАНУЧЕҲР

Пас он гаҳ зи марги Манучеҳршоҳ Бишуд огаҳӣ то ба Туронсипоҳ. В-аз он рафтани кори Нӯзар ҳамон Якояк бигуфтанд бо бадгумон. Чу бишнид солори Турон-Пашанг, Чунон хост, к-ояд ба Эрон ба ҷанг. Басе ёд кард аз падар-Зодшам, Ҳам аз Тур барзад яке тез дам. Зи гоҳи Манучеҳру аз лашкараш, Зи гурдону солору аз кишвараш. Ҳама номдорони кишвар-шро Бихонду бузургони лашкар-шро, Чу Ағриру Гарсивазу Бормон, Чу Гулбоди ҷангӣ, ҳижабри жиён Сипаҳбад-ш чун Висаи тезчанг, Ки солор буд бар сипоҳи Пашанг. Ҷаҳонпаҳлавон пураш Афросиёб Бихондаш ба наздику омад шитоб. Сухан ронд аз Туру аз Салму гуфт, Ки «Кин зери доман нашояд нуҳуфт. Сареро куҷо мағз ҷӯшида нест, Бад ӯ бар чунон кор пӯшида нест. Ки бо мо чӣ карданд эрониён, Бадиро бибастанд яксар миён. Кунун рӯзи тезиву кин ҷустан аст, Рух аз хуни дида гаҳи шустан аст. Чӣ гӯед акнун, чӣ посух диҳед? Яке рои фаррух бад-ин барниҳед.» Зи гуфти падар мағзи Афросиёб Биҷӯшиду омад сараш пуршитоб. Ба пеши падар шуд кушодазабон, Дил оганда аз кин, камар бар миён, Ки «Шоистаи ҷанги шерон манам, Ҳамоварди солори Эрон манам. Агар Зодшам теғ бардоштӣ, Ҷаҳонро чунин хор нагзоштӣ. Миён ар бубастӣ ба киноварӣ, Ба Эрон бикардӣ ҳаме сарварӣ.