РАСИДАНИ ЗОЛ БА НАЗДИКИ СОМ
Ҳаме ронд Дастон гирифта шитоб,
Чу парранда мурғу чу киштӣ бар об.
Касеро, ки буд з-омадан-ш огаҳӣ,
Пазира бирафтанд бо фарраҳӣ.
Хурӯше баромад зи пардасарой,
Ки омад зи раҳ Золи фархундарой.
Пазира шудаш Соми ял шодмон,
Ҳамедошт андар бараш як замон.
Чу шуд з-ӯ раҳо Зол, бӯсид хок,
Бигуфт, он куҷо диду бишнид пок.
Нишаст аз бари тахт пурмоя Сом
Або Зол хуррамдилу шодком.
Суханҳои Синдухт гуфтан гирифт,
Чу хандон шуд, он гаҳ нуҳуфтан гирифт.
Чунин гуфт к-«Омад зи Кобул паём,
Паямбар зане буд, Синдухт ном.
Зи ман хост паймону додам забон,
Ки ҳаргиз набошам бад-ӯ бадгумон.
Зи ҳар чиз, к-аз ман ба хубӣ бихост,
Суханҳо бар ӯ барниҳодем рост.
Нахуст он, ки то шоҳи Зобулситон
Шавад ҷуфт бо моҳи Кобулситон.
Дигар он, ки зӣ ӯ ба меҳмон шавем,
Бар он дардҳо пок дармон шавем.
Фиристодае омад аз назди ӯй,
Ки шуд сохта кору пуррангу бӯй.
Кунун чист посух фиристодаро,
Чӣ гӯем Меҳроби озодаро?»
Зи шодӣ чунон тоза шуд Золи Сом,
Ки рангаш саропой шуд лаълфом.
Чунин дод посух, ки «Эй паҳлавон,
Гар эдун, ки бинӣ ба равшанравон,
Сипаҳ рониву мо зи пастар шавем,
Бигӯему з-ин дар сухан бишнавем.»
Ба Дастон нигаҳ карду хандид Сом,
Бидонист к-ӯро аз ин чист ком.
Суханҳо ҷуз аз духти Меҳроб нест,
Шаби тира мар Золро хоб нест.