Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй, ки дар пеш гирифтӣ сафари дуру дароз
Эй, ки дар пеш гирифтӣ сафари дуру дароз, Ки бад-ин навъ сафар ҳар ки бишуд, н-омад боз. На ки аз нӯги қалам боз бубастӣ раҳи сеҳр, Балки аз банди забон бурдӣ а
Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?
Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку? Афзалу аълами авлоди банӣ одам ку? Дар биёбони таманно-ш халоиқ мурданд, Ба давои ҳама он Хизри Масиҳодам ку?
-ин азо дар ҳама олам на гадо монд, на шоҳ
-ин азо дар ҳама олам на гадо монд, на шоҳ, Ки кашиданд ба суги ту дусад нолаву оҳ. Абрсон, гирякунон, наъразанон соя фиканд Бар сари наъши ту хуршеди карам зил
Ту бирафтию дили халқи ҷаҳон зор бимонд
Ту бирафтию дили халқи ҷаҳон зор бимонд, То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд. -оташин оҳи дили сӯхтагон то ба абад, Дудҳо дар хуми ин гунбади даввор бимонд.
Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят
Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят, Тарафи ҷаннати Фирдавс, куҷо парвоят. Чун шудӣ аз ҳарами мулк ба сайри малакут, Буд дар анҷумани хайли малак ғавғоят.
Марсияи ҳазрати Махдум
Ҳар дам аз анҷумани чарх ҷафое дигар аст, Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балое дигар аст. Рӯзу шабро, ки кабуд аст сияҳ ҷома дар ӯ, Шаб азое дигару рӯз азое дигар аст.
Чу иззат боядат, тарки тамаъ кун
Чу иззат боядат, тарки тамаъ кун, Гадоёнро аз ин маънист хорӣ. Маҳ аз хуршеди равшан чун зиё хост, Сияҳрӯ гашт аз он беэътиборӣ,
Гар касе ёри мувофиқ дорад, эй дил, бок нест
Гар касе ёри мувофиқ дорад, эй дил, бок нест, Гар зи даврони мухолиф ҷони зоре бошадаш. Дарду ғам набвад касеро аз ҷафои даҳр, агар Дардро ҳамдарду ғамро ғамгус
Чу олим аз паи боло нишастан
Чу олим аз паи боло нишастан Ба ҳар маҷлис равад хуш пойкӯбон, На олим, ҷоҳилаш дон, он ки ӯро Намояд хуш ба ҷуз болои хубон.
Ту хубу хулқи ту хубу такаллумат ҳам хуб
Ту хубу хулқи ту хубу такаллумат ҳам хуб, Набуда чун ту ба хубӣ касе ба олам хуб. Ба ҳусн беҳ зи парӣ, одамигарӣ бартар, Нагашта мисли ту пайдо зи насли Одам ху
Паймонаи май ҷӯён рафтам сӯи майхона
Паймонаи май ҷӯён рафтам сӯи майхона, Берун наравам з-он ҷо пур ношуда паймона, Шайхони муноҷотӣ, риндони хароботӣ Ҷӯянд туро, ҷоно, дар каъбаву бутхона.
Ба маҳҷури паёпай метапад дил
Ба маҳҷури паёпай метапад дил, Магар аз муждаи май метапад дил? Лаболаб соғараш созад магар дафъ, Чу з-ин сонам паёпай метапад дил.
Зи ман, эй дил, кафи он нозанин бӯс
Зи ман, эй дил, кафи он нозанин бӯс, Агар худ даст иадҳад, остии бӯс. Гар ин ҳам нест, бӯсе бар замин зан, Зи ман яъне расон он ҷо заминбӯс.
Биё, ки пири муғон дар сабӯ шароб андохт
Биё, ки пири муғон дар сабӯ шароб андохт, Ҳавои муғбача дилҳо дар изтироб андохт. На соқӣ аз хайи рухсори худ чаконд ба ҷом, Паи нишоти дили ман ба вай гулоб ан
Соғарӣ мегуфт: дуздони маонӣ будаанд
Соғарӣ мегуфт: дуздони маонӣ будаанд, Ҳар куҷо дар шеъри ман як маънии хуш дидаанд. Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт, Рост мегуфт он, ки маъниҳошро дузд
Хуш ояд дар сухан санъат зи шоир, лек не чандон
Хуш ояд дар сухан санъат зи шоир, лек не чандон, Ки орад дар камоли маънии мақсуд нуқсонаш. Хаёли хос бошад холи рӯи шоҳиди маънӣ, Чу хол андак фитад бар pyx, д
Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хешастӣ
Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хешастӣ, Ҳама кас хештанро Унсурию Анварӣ донад. Бале ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо Чу вақти қимат ояд, қиммати ӯ г
Ҷашни Сада гиромӣ бод!
Ҳотифи ишқовари фасли баҳор аст Сада! Қосиди сулҳофару нусратшиор аст Сада! Мезанад худро ба хайли лашкари деви адӯ, Роятафрозу ба Рахши ҳақ савор аст Сада.
Орзуям
Чӣ ширин аст, қанди орзуям, Чӣ зебое саманди орзуям. Ба гардун қад фарозад аз муҳаббат, Сафедори баланди орзуям.
Ҳаво сард асту дил гармии оғӯши ту мехоҳад
Ҳаво сард асту дил гармии оғӯши ту мехоҳад, Нигаҳ қадди расои парниёнпӯши ту мехоҳад. Агарчи тарки соғар кардаам, табъи худододам Шароби арғавонӣ аз лаби нӯши т
Ту ҳамон гумшуда анқосифатӣ медонам
Ту ҳамон гумшуда анқосифатӣ медонам, Рӯзу шаб пушти дари омаданат пазмонам. На чуниниву чунонӣ, на аёниву ниҳон, Аз Худое, ки туро сохт чунин, ҳайронам.
Ин ҷони дар тан бенишон оҳанги рафтан мекунад
Ин ҷони дар тан бенишон оҳанги рафтан мекунад, Аз остон то осмон оҳанги рафтан мекунад. Не қаср монад, не даре, не муслиму не кофаре, Ҳар як ба сӯйи ломакон оҳа
Забони порсӣ
Лаҳни поки модарӣ бошад забони порсӣ, Рашки Моҳу Муштарӣ бошад забони порсӣ. Накҳате аз "Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён" дорад ба худ, Гавҳари кони дарӣ бошад забони порсӣ.
Оне, ки таронахони ишқ аст, манам
Оне, ки таронахони ишқ аст, манам, Як гумшуда дар ҷаҳони ишқ аст, манам. Оне, ки бурун зи қайди ҳар нафсу ҳаво, Пайванд ба ҷони ҷони ишқ аст, манам.
Аз зан аст
Зинати оиладорӣ аз зан аст, Покиву покизакорӣ аз зан аст. Мешавад аз як нигоҳаш об мард, Дилрабудан, дилсупорӣ аз зан аст.



