Паймонаи май ҷӯён рафтам сӯи майхона
Паймонаи май ҷӯён рафтам сӯи майхона,
Берун наравам з-он ҷо пур ношуда паймона,
Шайхони муноҷотӣ, риндони хароботӣ
Ҷӯянд туро, ҷоно, дар каъбаву бутхона.
Дар майкада сармастам, аз нанги худӣ растам,
Нӯшам қадаҳи бода бо наъраи мастона.
Шуд ҷоми маям қотил, ҷуз ин чӣ кунад ҳосил,
Чун ёр қадаҳ дорад бо ошиқи девона?
Воиз ба сари минбар гӯяд ҳама аз Кавсар,
Ман масту барад хобам з-ин булаҷаб афсона.
Ту ҳам гули бӯстонӣ, ҳам шамъи шабистонӣ,
Ҳам рӯз манат булбул, ҳам шаб шуда парвона.
Фонӣ, суханам бишнав, ҷӯёни харобӣ шав,
Аз ганҷ нашуд маъмур кас ношуда вайрона.