Ту хубу хулқи ту хубу такаллумат ҳам хуб
Ту хубу хулқи ту хубу такаллумат ҳам хуб,
Набуда чун ту ба хубӣ касе ба олам хуб.
Ба ҳусн беҳ зи парӣ, одамигарӣ бартар,
Нагашта мисли ту пайдо зи насли Одам хуб.
Кушӣ ба хубиву ҷон бахшӣ аз сухан, ки чун ту
Набуда, Оллоҳ-Оллоҳ, Масеҳу Марям хуб.
Ба дил муҳаббати ту бештар шавад ҳар дам,
Ки бештар бинамоӣ ба чашм ҳар дам хуб,
Анису ҳамдам агар ҳаст хуб, хубтар аст,
Ки дар ҷаҳон ба кас афтад анису ҳамдам хуб.
Ба олам омада хубон басе, валек чу ту
Набуда бар ҳама хубон касе мусаллам хуб.
Зи хайлу маҷмаъи хубон ба Фонии бедил
Вафову меҳр бувад хубу зулму кин ҳам хуб