Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Илҳоми Насафӣ
Илҳоми Насафӣ

Ту ҳамон гумшуда анқосифатӣ медонам

Ту ҳамон гумшуда анқосифатӣ медонам, Рӯзу шаб пушти дари омаданат пазмонам. На чуниниву чунонӣ, на аёниву ниҳон, Аз Худое, ки туро сохт чунин, ҳайронам. Он қадар дуриву наздик, ба гуфтан нашавад, Ёди ту ҳак шуда дар пайкари ҷисму ҷонам. Сари ҳар вожаву ҳар ҳарф ту оӣ ба назар, Бӯйи ишқи ту кунад ҳар ғазали девонам. Мутмаин бош, ба кори худам устод шудам, Хати асрори туро аз нигаҳат мехонам. Тарсам аз он ки ба пиндори ту аз ишқсаро, Як нафар шоири афсонасаро мемонам. Тарсам аз он маҳи хубон, нарасида ба висол Аз сари шавқ ба куштан бидиҳад фармонам. Баъди ин зеру бами фосилаи дуру дароз, Ту биё, аз сари нав то шиканад армонам.