Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Илҳоми Насафӣ
Илҳоми Насафӣ

Ҳаво сард асту дил гармии оғӯши ту мехоҳад

Ҳаво сард асту дил гармии оғӯши ту мехоҳад, Нигаҳ қадди расои парниёнпӯши ту мехоҳад. Агарчи тарки соғар кардаам, табъи худододам Шароби арғавонӣ аз лаби нӯши ту мехоҳад. Сукутам мезанад дод аз паси девори танҳоӣ, Канори баҳри Уммони сафоҷӯши ту мехоҳад. Нафосат метароват аз қудумат, эй баҳорандуд, Нафас атри гули ёсу сияҳгӯши ту мехоҳад. Гаҳе уқёнуси яхбастаро монад саропоят, Чӣ матлабҳо, надонам, қалби хомӯши ту мехоҳад?! Зимистон аст, бе ту чор фасли интизориям, Ҳаво сард асту дил гармии оғӯши ту мехоҳад.