Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Илҳоми Насафӣ
Илҳоми Насафӣ

Орзуям

Чӣ ширин аст, қанди орзуям, Чӣ зебое саманди орзуям. Ба гардун қад фарозад аз муҳаббат, Сафедори баланди орзуям. Саёҳат кун хиёбонҳои шаҳри Самарқанду Хуҷанди орзуям. Бурун аз ҳадди авсофу баён аст, Шумори чуну чанди орзуям. Зи дунболи ҳавасҳо гашта ночор, Ғарибу мустаманди орзуям. Даво ҷӯям ба қалби хаста ҳар бор, Ман аз дуди сипанди орзуям. Туро як рӯз мегирам саропо, Азизам, дар каманди орзуям.