Ҷашни Сада гиромӣ бод!
Ҳотифи ишқовари фасли баҳор аст Сада!
Қосиди сулҳофару нусратшиор аст Сада!
Мезанад худро ба хайли лашкари деви адӯ,
Роятафрозу ба Рахши ҳақ савор аст Сада.
Оташи зардуштияш боло шавад аз ҷӯши шавқ,
Чун ба худ гарм аст хуршедсавор аст Сада!
Хонад аз яшти Авастои дилаш шеъру суруд,
Ҳамнавои барбату чангу дутор аст Сада!
Зиндагиро нур бахшад ҳиммати ҷамшедиаш,
Шаш канора аз нигоҳаш файзбор аст Сада!
Рамзи пирӯзии Ҳурмуз бар сари Аҳриман аст,
Ифтихори қавми бонангу баор аст Сада!
Хуштарин оини фарҳанги диёри мо бувад,
Ёдгор аз мардуми олитабор аст Сада!