Ин ҷони дар тан бенишон оҳанги рафтан мекунад
Ин ҷони дар тан бенишон оҳанги рафтан мекунад,
Аз остон то осмон оҳанги рафтан мекунад.
Не қаср монад, не даре, не муслиму не кофаре,
Ҳар як ба сӯйи ломакон оҳанги рафтан мекунад.
Гар фитраташ боло бувад, ё Буалӣ Сино бувад,
Ояд аҷал, пиру ҷавон оҳанги рафтан мекунад.
Ҳар як амал дорад ҷавоб, ҳар як ниқоб афтад хароб,
Ҳар ошкору ҳар ниҳон оҳанги рафтан мекунад.
Чун Рустами Дастон бувад, ё Юсуфи Канъон бувад,
Бошад агар Нӯшинравон, оҳанги рафтан мекунад.
Ё орифи роҳи ҳақ аст, ё авлиёи мутлақ аст,
Аз анбиё дорад нишон, оҳанги рафтан мекунад.
Ҳар тир аз набзи камон, ҳар нақш аз сақфи замон,
Ҳар қатраи оби равон оҳанги рафтан мекунад.
Гаҳ бехуду гаҳ бо Худо, гаҳ норизову гаҳ ризо,
Ин руҳи аз ғам беамон оҳанги рафтан мекунад.
Мастона гирад номи Ӯ, бо шавқу шӯру ҳою ҳу,
Ҳамду сано бодо ба Он, оҳанги рафтан мекунад.
Мафтуни зоти Ӯ шавад, дилбастаи мину шавад,
Бо сад аёнӣ ноаён оҳанги рафтан мекунад.