Хуш ояд дар сухан санъат зи шоир, лек не чандон
Хуш ояд дар сухан санъат зи шоир, лек не чандон,
Ки орад дар камоли маънии мақсуд нуқсонаш.
Хаёли хос бошад холи рӯи шоҳиди маънӣ,
Чу хол андак фитад бар pyx, диҳад ҳусни фаровонаш.
В-агар гирад зи бисёри ҳама рухсори шоҳидро,
Миёни содарухсорон сияҳрӯӣ расад з-онаш.