Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳама як сӯ бувад нодидани он гулбадан як сӯ

Ҳама як сӯ бувад нодидани он гулбадан як сӯ, Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан як сӯ. Саҳар бар ҷониби гулзор рафтам баҳри гул чидан, Фиғони булбулон як сӯ бувад, сайри чаман як сӯ. Ки ҳайфи одамизод аст дар ин умри ду - серӯза, Ба зери хок меафтад, кафан як сӯву тан як сӯ. Зи кӯҳи Бесутун ногаҳ садо омад ба гӯши ман, Ки зарби теша як сӯ, зарби дасти Кӯҳкан як сӯ. Тамоми шоиронро ҷамъ агар созанд дар маҳшар, Ҳама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ.