Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Соғарӣ мегуфт: дуздони маонӣ будаанд

Соғарӣ мегуфт: дуздони маонӣ будаанд, Ҳар куҷо дар шеъри ман як маънии хуш дидаанд. Дидам аксар шеърҳояшро, яке маънӣ надошт, Рост мегуфт он, ки маъниҳошро дуздидаанд.