Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Марсияи ҳазрати Махдум

Ҳар дам аз анҷумани чарх ҷафое дигар аст, Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балое дигар аст. Рӯзу шабро, ки кабуд аст сияҳ ҷома дар ӯ, Шаб азое дигару рӯз азое дигар аст. Балки ҳар лаҳза азоест, ки аз дашти адам Ҳар дам аз хайли аҷал гарди фаное дигар аст. Ҳаст мотамкадаи даҳр, ки аз ҳар тарафаш Дуди оҳи дигару нолаи вое дигар аст. Оҳи ӯ ҳаст ба дил тирагӣ афзоянда, Вои ӯ низ ба ҷон яъсфизое дигар аст. Гули ин боғ, ки садпора зи мотамзадагист, Ҳар яке сӯхтаи ҷома қабое дигар аст. Оби ӯ заҳру ҳавояш мутааффин, чӣ аҷаб, Ки дар ин марҳала ҳар рӯз вабое дигар аст. Аҳли дил майл сӯи гулшани қудс ар доранд, Ҳаст аз он рӯ, ки дар ӯ обу ҳавое дигар аст. Назди арбоби яқин дори фано ҷое нест, Ватани аслии ин тоифа ҷое дигар аст. -он сабаб масти маи ҷоми азал орифи Ҷом, Сархуш аз дори фано сӯи Ватан кард хиром.