Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят

Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят, Тарафи ҷаннати Фирдавс, куҷо парвоят. Чун шудӣ аз ҳарами мулк ба сайри малакут, Буд дар анҷумани хайли малак ғавғоят. Тӯтиёни ҳарами қудс ба дил муштоқат, Булбулони чамани унс ба ҷон шайдоят. Симёкори қазо меҳр дигар дод тулӯъ, Чархро аз асари равшании симоят. Нӯҳ фалак чархзанон омада бар атрофат, Буда гӯё ба сари ҳар як аз он савдоят. Шӯр дар олами арвоҳ бияфтод аз он, Ки нависанд ба ҷон нуктаи рӯҳафзоят. Руҳи ақтоб расиданд ба истиқболат, Ҷони автод фитоданд ба хоки поят. Даст бар даст рабуданд туро то ҷое, Ки дар ин ғамкада ҳам хостӣ онро роят. Ту шудӣ восили мақсуди ҳақиқию бимонд То қиёмат ба ҷаҳон шевану вовайлоят. Дар фироқи ту ғамин монд дили ғамзадагон, Тира з-ин гӯшаи мотамкада мотамзадагон.