Ту бирафтию дили халқи ҷаҳон зор бимонд
Ту бирафтию дили халқи ҷаҳон зор бимонд,
То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.
-оташин оҳи дили сӯхтагон то ба абад,
Дудҳо дар хуми ин гунбади даввор бимонд.
Аҳли тавҳид, ки бе муршиди комил гаштанд,
Садашон мушкили ҳалношуда дар кор бимонд
Соликонро, ки камол аз ту расидӣ ба сулук,
Аҷзҳо дар равишу нуқс ба атвор бимонд.
Умароро, ки шудӣ машъали меҳр аз ту мунир,
Тира шуд машъалу то ҳашр шаби тор бимонд.
Сад халал раҳ ба дин ёфт, ки диндоронро,
Субҳа бишкасту ба каф риштаи зуннор бимонд.
Сирри Ҳақ рафт паси пардаи китмон, ки зи ашк,
Ба гиландудаву дар махзани асрор бимонд.
На ки сад хори алам дар дили аҳрор халид,
Ки дусад бори ситам бар тани аброр бимонд.
Толибонро равиши роҳи фано рафт зи даст,
Ҳар яке дар паси сад пардаи пиндор бимонд.
Чи тазалзул, ки зи фавти ту дар айём афтод,
-он тазалзул чи халалҳо, ки дар ислом афтод.