-ин азо дар ҳама олам на гадо монд, на шоҳ
-ин азо дар ҳама олам на гадо монд, на шоҳ,
Ки кашиданд ба суги ту дусад нолаву оҳ.
Абрсон, гирякунон, наъразанон соя фиканд
Бар сари наъши ту хуршеди карам зилли Илоҳ.
Гар муяссар шудияш наъш кашидӣ бар дӯш
Чун мани сӯхтадил, ҷониби мадфан ҳама роҳ.
Шаҳриёрони ҷаҳон чок зада ҷома ба тан,
Пеши тобути ту пӯянда ба аҳволи табоҳ.
Сарбаландони замон дар таҳи наъшат шуда паст,
Ҳама гирёну кашон, бори ту бо пушти дутоҳ.
Шуда ҳар пояи маҳди ту ба дӯши як қутб,
Лек ҳар чор шуда нудбагару «во асафо!»
Оламеро ба сӯи олами дигар бурданд,
Натавон ҷуз ба чунин боркашонӣ огоҳ.
Чазаъӣ акбарӣ афтод, ки бо ин ҳама чашм
Чархи гардун натавонист, бад-он сӯй нигоҳ.
Гарчи шоми ту шуд аз нур чу маҳтоб сафед,
Ҳеҷ кас лек надидаст чунон рӯзи сиёҳ.
Ба намозат, ки ҳазорон зи башар пайвастанд,
Сад ҳазорон зи малоик ба ҳаво саф бастанд.
Ҳама бурданд ба афғону дили чок туро,
Ҷой карданд, чу ганҷе ба дили хок туро.
Хайли арбоби иродат ҳамаро хок ба дил,
Ҳар яке хост кашидан ба дили чок туро.
Сари покони ҷаҳон будӣ, аз он Эзиди пок
Пок оварду дигар бурд ҳамон пок туро.
Ғарқаи баҳри висоле, ки ба чашми ҳиммат
Равза чун гулхану тӯбист чу хошок туро.
Рӯҳи покат чу ба болои нӯҳум чарх шитофт,
-ин ки тан зери замин рафт куҷо бок туро?
Ҳама покони ҷаҳонро ба тани пок расид,
Он чи бар пайкари пок омад аз афлок туро.
Чун ту ганҷе, ки фалак дошт ниҳон кард ба хок,
На паи ҳифз, ки аз ғояти имсок туро.
Ақли кулл будӣ аз идроки маонӣ з-он рӯ,
Натавонад, ки тааққул кунад идрок туро.
Қисми ёрон зи ту гар зорию ғамнокӣ шуд,
Лек зоре набувад чун мани ғамнок туро.