Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?
Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?
Афзалу аълами авлоди банӣ одам ку?
Дар биёбони таманно-ш халоиқ мурданд,
Ба давои ҳама он Хизри Масиҳодам ку?
Дили асҳоб шуд аз теғи фироқаш сад захм,
Он, ки будӣ ба ҳама хулқи хушаш марҳам ку?
Ҳуҷра холию парешон шуда авроқу кутуб,
Соҳиби ҳуҷра куҷо, нозими онҳо ҳам ку?
Дар саро нест ба ҷуз худкушии ғамзадагон,
Он, ки таскин диҳад инрову хӯрад шон ғам ку?
Хома рӯ карда сияҳ, синаи худро зада чок,
Ки худованди ман он, бар уламо аълам ку?
Дар Хуросон натавон гуфт, ки кас хуррам нест,
Кас, ки дар рӯи замин ёфт шавад, хуррам ку?
На ки дар хонақаҳи зӯҳд фитод ин мотам,
Дар хароботи фано низ ба ҷуз мотам ку?
Гузарондан ба фано аҳд кунам боқии умр,
К-андар ин дайри кӯҳан аҳди бақо маҳкам ку?
Ишқбозон зи ғам оташ ба дил афрӯхтаанд,
Ҷонгудозон ҳам аз ин оташи дил сӯхтаанд.