Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Эй, ки дар пеш гирифтӣ сафари дуру дароз

Эй, ки дар пеш гирифтӣ сафари дуру дароз, Ки бад-ин навъ сафар ҳар ки бишуд, н-омад боз. На ки аз нӯги қалам боз бубастӣ раҳи сеҳр, Балки аз банди забон бурдӣ аз офоқ эъҷоз! Нафаси қудсият аз кас натавон ёфт дигар, Ваҳйро баъди набӣ з-он ки нашуд кас мумтоз. Шоҳро монд ба ҷон з-оташи ҳиҷрони ту сӯз, Бандаро дар дили садпора зи доғи ту гудоз. На шаҳу банда ки то рӯзи қиёмат дар даҳр Ҳар ки бошад, бувад аз мотами ту навҳа тироз. Гарчи рӯ дар тутуқи васл нуҳуфтӣ, ки шавӣ, То абад ҷилвакунон дар ҳарами иззату ноз. Мадад аз рӯҳи пуранвори худат низ расон, Ки харобанд зи ҳаҷри ту басе аҳли ниёз. Ҳар ки сад қарн бимонад ба ҷаҳон, ҳам ба фусун, Бирабояд зи ҷаҳонаш фалаки шӯъбадабоз. Эй рафиқон, ҳамаро оқибати кор инаст, Фикри анҷом касе беҳ, ки кунад аз оғоз. Шоҳи маъниро гар сурате афтод чунин, Бод то ҳашр шаҳи сурату маънӣ омин!