Биё, ки пири муғон дар сабӯ шароб андохт
Биё, ки пири муғон дар сабӯ шароб андохт,
Ҳавои муғбача дилҳо дар изтироб андохт.
На соқӣ аз хайи рухсори худ чаконд ба ҷом,
Паи нишоти дили ман ба вай гулоб андохт,
Биҷуст аҳли тарабро паи нишоти сабӯҳ
Вале чу дид маро, хешро ба хоб андохт.
Зи чарх кор ба ҷуз тобу печ нест, хуш он,
Ки пайкарашро гирдоби май ба тоб андохт.
Гаҳе фиғон, ки кунад абр, ларза дон ба яқин,
Ки оҳи сарди ман он ларза дар саҳоб андохт.
Агар на ринд зи ҷаллоди ғам гурехта буд,
Чаро ба майкада худро ба сад шитоб андохт.
Чӣ ҳам зи хоки мазаллат, чу хешро Фонӣ
Ба хоки даргаҳи шоҳи фалакҷаноб андохт.