Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Дили садпораам аз лаъли ту хун аст дигар

Дили садпораам аз лаъли ту хун аст дигар, Ҳар дам аз раҳгузари дида бурун аст дигар. Дили Маҷнун, ки дар он зулф шуд, эй боди сабо, Гӯ, ки дар ҳалқаи он силсила чун аст дигар? Зи сари нав магар ороста машшотаи сунъ, Ки рухат чун маҳу хат ғолиягун аст дигар. Он парӣ ишвакунон ҷоми маям дод ба даст, Дар сарам оташи мастиву ҷунун аст дигар. Дил, ки пирона дам аз бозуи тақво мезад, Дар кафи ишқи яке тифл забун аст дигар. Раста будам зи ғами ишқ чу ёр омад, вой, К-он ғамам аз ҳа(д)ду андоза фузун аст дигар. Эй табиб, аз сари Фонӣ магзар з-он ки зи ҳаҷр, Заъфи берун-ш ба андӯҳи дурун аст дигар!