Чашму дил аст ҷойи ту, ҷойи дигар марав
Чашму дил аст ҷойи ту, ҷойи дигар марав,
Берун маё зи дидаву аз дил бадар марав.
Чун меравӣ ба кӯйи вай, эй дил, бубин маро
Он ҷо, ки қатл карда, аз он пештар марав.
Гуфтӣ, равам ба дайру зи худ бехабар шавам,
Он сӯйи то, ки бошадат аз худ хабар, марав.
Як субҳ бо худ ою шунав нолаи маро,
Аз худ ҳама ба нағмаи мурғи саҳар марав.
Нозукдило, агар раҳи ишқат ҳавас шудаст
Бишнав сухан чу булҳавасон, ин сафар марав.
Эй шайх, пур магӯ, ки равам сӯйи майкада,
Яксон бувад агар бирав он ҷо, агар марав.
Фонӣ, ба дил зи раҳгузари дида шуд бало,
Бояд саломатат сӯйи он раҳгузар марав!