Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Алишери Фонӣ Навоӣ
Алишери Фонӣ Навоӣ

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона, Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона. Муродам ин бувад то чашми худ бар зулфи ӯ молам, Агар хоҳам, ки ӯро созам аз мижгони худ шона. Бихоҳад мурғи дилро сӯхт охир болу пар як шаб, Зи бас гирди сари он шамъ мегардад чу парвона. Бинои ишқро дар дил шикофи сина дар бошад, Алифҳо паҳлуи ҳам бар дараш хатҳои дандона. Кашам худро зи баҳри соя ҳар дам зери деворе, Чу афтод аз нами тафҳои оҳам сақфи кошона. Гарат тираст хилват, рав сӯйи дайри муғон, эй шайх, Ки бошад аз фурӯғи бода равшан кунҷи майхона. Ба ҷурми дин буте барбаста гардонад ба зуннорам, Чу бахшад нақди динро, гирадам аз баҳри ҷурмона. Ба ман паймона деҳ, соқӣ, чу бо риндон диҳӣ соғар, Хуми майро вале баҳри дили ман соз паймона. Насиҳатгӯйӣ Фонӣ, ҳам зи ойини хирад дур аст, Касе, к-аш ақл бошад, кай даромезад ба девона?