Аз зан аст
Зинати оиладорӣ аз зан аст,
Покиву покизакорӣ аз зан аст.
Мешавад аз як нигоҳаш об мард,
Дилрабудан, дилсупорӣ аз зан аст.
Ҳамсафар, ҳамроҳи хуби зиндагист,
Дар садоқат устуворӣ аз зан аст.
Дар сари гаҳвора ҳар шаб то саҳар,
Заҳмати шабзиндадорӣ аз зан аст.
Мезанад ҷӯш аз вуҷудаш меҳри пок,
Ҷоннисорӣ, беқарорӣ аз зан аст.
Бо умеду орзуҳои сафед,
Бомуҳаббат интизорӣ аз зан аст.
Бахту давлат аз шарофатҳои ӯст,
Ишқ рамзи ёдгорӣ аз зан аст.
Медурахшад бо ҳазорон рангу ҳол,
Чеҳраи сурхи баҳорӣ аз зан аст.
Дар ду олам растагориву наҷот,
Бас бузургӣ, хоксорӣ аз зан аст.