Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Илҳоми Насафӣ
Илҳоми Насафӣ

Оне, ки таронахони ишқ аст, манам

Оне, ки таронахони ишқ аст, манам, Як гумшуда дар ҷаҳони ишқ аст, манам. Оне, ки бурун зи қайди ҳар нафсу ҳаво, Пайванд ба ҷони ҷони ишқ аст, манам. Оне, ки чу Куҳкан ва ё Бежани гурд, Дар қиссаву достони ишқ аст, манам. Оне, ки дилаш ҳамешасабз асту ҷавон, Ошиқ ба фариштагони ишқ аст, манам. Оне, ки нафас-нафас туро мехоҳад, Аз ҷумлаи ошиқони ишқ аст, манам. Оне, ки дар олами пур аз фитнаю шар, Дурдонаи баҳру кони ишқ аст, манам. Оне, ки нишони бенишоне зи нишон, Аз олами бенишони ишқ аст, манам. Оне, ки рафиқу ҳамраҳи хуби ҳаёт, Ҳароина, қаҳрамони ишқ аст, манам. Оне, ки Муғаннии фақат ишқсаро, Ҳаммиллату ҳамзабони ишқ аст, манам.