Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Илҳоми Насафӣ
Илҳоми Насафӣ

Пайдову пинҳонам куҷост

"Дил ба ёру даст бар кор"-ам, ғами ҷонам куҷост?! Оҳу фарёдам саропо, фикри дармонам куҷост?! Мекунам ҳар гаҳ суроғу мекунам ҳар шаб нигоҳ, Осмон пуркавкабу он моҳи тобонам куҷост? Гоҳ дар дому асиру гоҳ бар кӯҳу адир, Оҳуи чашми сиёҳатро намедонам, куҷост?! Номаҳоям дар варақ нанвишта монду ҳазф шуд, Кас надонад он ҳама пайдову пинҳонам куҷост. Ҳарфҳоям муҳрбаста дар забон ногуфта монд, Гӯши дилбар бишнавад, аммо намедонам куҷост?! Косаи сабрам зи ғам лабрез гашта оқибат, Қосиди васли туро ҷӯёву ҳайронам куҷост?! То канорат маъмани осоишу амни ман аст, Орзуву ҷаҳд бар тахти Сулаймонам куҷост.