Эй ишқ!
Диламро менавозад захмаи танбӯри ту, эй Ишқ!
Манам масти аласт аз бодаи ангури ту, эй Ишқ!
Сиришта аз ту бунёдам, шунав ошӯби фарёдам,
Дурахши офтобам ламъае аз нури ту, эй Ишқ!
Гаҳе афсонаро монам, гаҳе гумгашта девонам,
... ва ё оҳанги хоси бо тарона ҷӯри ту, эй Ишқ!
Туӣ зебои маҳфилҳо, туӣ пайдои нопайдо,
Ба ёдам мерасад Мусову куҳи Тури ту, эй Ишқ!
Ҳанузам як аналҳақгӯ, сари дори баланди ту,
Ҳақиқат мекунад ифшо, сари Мансури ту, эй Ишқ!
Ман он як раҳнаварди мустаманди орзумандам,
Шиносам аз куҷо роҳи яқину дури ту, эй Ишқ?!
Умеду ноумедиҳо, ба ваҳдат мекашад моро,
Ба ҳасрат бингарам моҳи шаби дайҷури ту, эй Ишқ!
Надорам амну осоиш, хаёлотам пур аз ташвиш,
Ҳаёту умри ман вобастаи дастури ту, эй Ишқ!