Забони тоҷикӣ
Аз ниёгон ёдгор аст, ин забони тоҷикӣ,
Рӯдакиро ҳамтабор аст, ин забони тоҷикӣ.
"Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён"-и ормони порсист,
Миллати халқи баор аст, ин забони тоҷикӣ.
Дар вуҷуди мо зи ҷӯи шири модар омадаст,
Бо муҳаббат пойдор аст, ин забони тоҷикӣ.
Аҳли оламро бузургонаш хирадомӯз кард,
Офтоби зарнисор аст, ин забони тоҷикӣ.
Бо даригӯён дарӣ, бо порсигӯён якест,
Хоси қавми тоҷдор аст, ин забони тоҷикӣ.
Пири Балху Шайхи Шерозаш ҷаҳон тасхир кард,
Ҳуҷҷати пурифтихор аст, ин забони тоҷикӣ.
Он қадар зебову поку софу беолоиш аст,
Мисли чашма беғубор аст, ин забони тоҷикӣ.
Чун Ватан-Модар азизу пос доредаш мудом,
Ҳадяе аз Кирдигор аст, ин забони тоҷикӣ.