Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Моей жене
Я беспомощен, но верю тебе Как всегда, доверяя больше чем себе. Ты никогда не оставляла- Ни тогда, ни потом, и уверен, точно не сейчас,
Талбиси вазир бо насоро
Пас бигӯям ман ба сир, насрониям, Эй Худои роздон, медониям. Шоҳ воқиф гашт аз имони ман В-аз таассуб кард қасди ҷони ман.
Омӯхтани вазир макр подшоҳро
Ӯ вазире дошт, габру ишвадеҳ, К-ӯ бар об аз макр барбастӣ гиреҳ. Гуфт: «Тарсоён паноҳи ҷон кунанд, Дини худро аз малик пинҳон кунанд.
Донистани он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассуб
Буд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз, Душмани Исову насронигудоз. Аҳди Исо буду навбат они ӯ, Ҷони Мӯсо ӯву Мӯсо ҷони ӯ.
Ҳикояти баққолу тӯтӣ ва равған рехтани тӯтӣ дар дукон
Буд баққолеву вайро тӯтие, Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие. Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон, Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид
Куштани он мард бар дасти ҳаким На пайи уммед буду на зи бим. ӯ накушташ аз барои табъи шоҳ, То наёмад амру илҳоми Илоҳ.
Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар
Шаҳ фиристод он тараф як-ду расул, Ҳозиқону кофиёни бас адул. То Самарқанд омаданд он ду амир Пеши он заргар зи шоҳаншаҳ башир,
Дарёфтани он валӣ ранҷро ва арз кардани ранҷи ӯ пеши подшоҳ
Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард, Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард. Гуфт: «Тадбир он бувад, к-он мардро Ҳозир орем аз пайи ин дардро.
Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак
Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро, Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро. Кас надорад гӯш дар даҳлезҳо, То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Бурдани подшоҳ он табибро бар сари бемор, то ҳоли ӯро бибинад
Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд, Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд. Ранги рӯю набзу қорура бидид, Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид.
Мулоқоти подшоҳ бо он валӣ, ки дар хобаш намуданд
Даст бигшоду каноронаш гирифт, Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт. Дасту пешониш бӯсидан гирифт В-аз мақому роҳ пурсидан гирифт.
Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ
Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб. Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Зоҳир шудани аҷзи ҳакимон аз муолиҷаи канизак ва рӯй овардани подшоҳ ба даргоҳи Илоҳ ва дар хоб дидани ӯ валиеро
Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид, Побараҳна ҷониби масҷид давид. Рафт дар масҷид, суи меҳроб шуд, Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.
Ошиқ шудани подшоҳ бар канизаки ранҷур ва тадбир кардан дар сиҳҳати ӯ
Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он. Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин, Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.
ЗАФАРНОМА
Биё, эй дабири ҳикояттароз, Ҷаҳони куҳанро сухан тоза соз. Ба имдоди гавҳарфишон хомае Рақам деҳ яке дилпазир номае.
ТАЪРИХИ САРОЙ
Аё боргоҳи Абдулкарим – он волии давлат (?) Ки бодо то қиёмат бодаи иқбол дар ҷомаш. Бинои тоза ар ҷо аз натоҷи бикри фикри ӯ Карамро дастгоҳи рафъату нақши ниг
ТАЪРИХИ БИНОИ ИМОРАТ
Ин бинои зарнигору қасри давлат тавъамон Ёфт тарҳи зебу зайн аз хусрави фархундаҷоҳ. Дӯстонро ҳамчу коху қасри ҷаннат дилкушо, Душманонро мили чашму сели бунёди
ТАЪРИХИ САРОИ ҲИСОР
Ба қасри ҷоҳу давлат то қиёмат Хидев Абдулкаримбӣ-додхо бод, К-аз иқболи баландаш ёфт таъмир Чунин олисарое хуррамобод.
Зиҳӣ рӯят, к-аз ӯ шуд рутбаи пайғамбарӣ пайдо,
Зиҳӣ рӯят, к-аз ӯ шуд рутбаи пайғамбарӣ пайдо, Вуҷудаш ашрафи авлоди Одам Хоҷаи Ато, (?) Кашидаш ҷазбаи ҳақ аз замин то олами боло, «Ниҳодӣ аз далерӣ қурби субҳ
МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ БЕДИЛ
Кас нашуд огоҳ, к-аз сарҷӯши саҳбои Парӣ Нашъа пур соф аст чун саргарми савдои Парӣ, Аз нигоҳат кист, дарёбад тамошои Парӣ, «Эй кушоду басти мижгонат муаммои па
МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ БЕДИЛ
Бад-ин хубӣ агар ҳусни ту бардорад ниқобашро, Киро тоқат, ки бинад офтоби беҳиҷобашро? Таҳайюрмисрае дорам, чӣ мегӯӣ ҷавобашро, «Лаби ҷӯе, ки аз акси ту парвард
МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ ЗУҲУРӢ
Зи гӯш пунбаи ғафлат кашидан осон нест, Ҳадиси аҳли сафоро шунидан осон нест, Ба пои ланг дар ин раҳ давидан осон нест, «Қадам зи маркази имкон кашидан осон нес
МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ СУЛАЙМОНӢ
Ҷон ҳайф, ба кӯи ту тапидан натавонист, Кар гӯш, ҳадиси ту шунидан натавонист. Хун дида, гули рӯи ту дидан натавонист, «Чун хок ба пои ту расидан натавонист,
МУХАММАС — БАР ҒАЗАЛИ САЪДӢ
Ба абри сунъ чу машшотагон кардастанд, Тилисми боғ дар ин бӯстон бишкастанд, Ҳамин на сабзаву гулҳои настаран рустанд, «Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд,
Азизам, нури чашмам, ҷисму ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ?
Азизам, нури чашмам, ҷисму ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ? Туӣ дар тан ҳаёти ҷовидонам, аз чӣ ранҷидӣ? Туро ғабғаб чу Юсуф ҳусну ҷонам, аз чӣ ранҷидӣ? Гуноҳам чист, эй ши

